«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт

Соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар тими «Мазия»-и Малдив пирӯз шуда, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро ба даст овард.

Дар бозии даври муқаддамотӣ, ки дар Малдив баргузор шуд, «Регар-ТадАЗ» тими «Мазия»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро Озодбек Панҷиев, Шерзод Маҳамадиев ва Амирҷон Сафаров ба самар расониданд.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 Тоҷикистонро ду бошгоҳ– «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода намояндагӣ хоҳанд кард.

Рақибони дастаҳои мо дар марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 20 август дар қуръакашии мусобиқа маълум мешаванд.

Назари худро бинависед