«Регар-ТадАЗ» дар даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27 бо «Мазия» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ» дар даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27 бо «Мазия» бозӣ мекунад

12 август барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозии даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро баргузор мекунад.

Дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо тими «Мазия»-и Малдив рӯ ба рӯ мешавад.

Бозӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале баргузор шуда, соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ба дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин рақобати муҳим барору комёбӣ орзумандем!

 

Назари худро бинависед