Имрӯз, 4 август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи бехатарӣ ва кор бо мухлисони ФФТ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва агентиҳои муҳофизатӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи бехатарӣ ва кор бо мухлисони Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Ҳусейн Халилзода роҳбарӣ кард.
Ҳадафи асосии ҷамъомад баррасии маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ дар варзишгоҳҳо ҳангоми баргузории бозиҳои байналмилалӣ буд, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилкунандагони бозиҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва агентиҳои муҳофизатӣ, инчунин риояи талаботи КФО оид ба таъмини амният ҳангоми баргузории вохӯриҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда муайян гардида, ба сохторҳои масъул тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд.