Президенти Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад – Федерация Футбола Таджикистана

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа нимаи дуюми 5 май бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноибони президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов пешвоз гирифтанд.

Дар ҷараёни сафари корӣ президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Илова бар ин, рӯзи 7 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.

Назари худро бинависед