Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино барои истиқболи самимӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард – Федерация Футбола Таджикистана

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино барои истиқболи самимӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард

Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол Ҷанни Инфантино аз президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуд.

Роҳбари футболи ҷаҳон аз номи ҳайати ФИФА ба роҳбарият ва тамоми тими Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарм дар ҷараёни сафараш ба Душанбе изҳори сипос кард.

«Мехоҳам аз номи тамоми ҳайат ба шумо ва тамоми коллективи шумо барои меҳмоннавозии гарму самимие, ки ҳангоми сафарамон ба Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 май зоҳир гардид, ташаккур гӯям.

Нахуст, иҷозат диҳед бори дигар шуморо ба муносибати якдилона дубора ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуданатон табрик намоям. Ин натиҷа эътирофи кори шумост. Ин ҳама аз таҷрибаи бузург, дониш ва роҳбарии баланди шумо гувоҳӣ медиҳад, ки бешубҳа, минбаъд низ ба рушди минбаъдаи футболи Осиёи Марказӣ таъсири калон мерасонад.

Дар рафти сафар мо боз чанд нуктаи муҳимро мубодила кардем. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрӣ дар идораи Шумо ва боздид аз маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб, ки аз рӯйи барномаи FIFA Forward бунёд шуда истодааст, бешубҳа аз лаҳзаҳои рангин буданд. Ин лаҳзаҳо ба мо имкон доданд, ки мубодилаи афкор кунем ва ҳамчунин дастгирии ФИФА-ро барои рушди футбол ва беҳбудии инфрасохтори футбол дар кишвари шумо бо таваҷҷуҳи хоса ба футболи кӯдакону наврасон ва занонаро баён кунем.

Ин сафар бешубҳа азми моро барои ҳамкорӣ дар самти рушди футбол дар ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ тақвият бахшид ва барои тамоми кӯшишҳо ва саҳми муҳиматон дар рушди футбол ва тарғиби арзишҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ташаккур мегӯям. Дар ин ҳолат шумо ҳамеша метавонед ба дастгирии ФИФА такя кунед. Ман барои шумо дар вазифаи роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ беҳтарин таманниёит дорам ва ба шумо ва тамоми тими CAFA ва ФФТ барои истиқболи гарм ташаккур мегӯям. Умедворам, ки кори пурсамарамонро барои рушди ин намуди варзиш, ки ҳамаи моро муттаҳид мекунад, идома медиҳем», – омадааст дар номаи расмии президенти ФИФА Ҷанни Инфантино.

Назари худро бинависед