Президентҳои FIFA ва AFC бо роҳбарияти ФФТ онлайн-видео конференсия гузаронданд – Федерация Футбола Таджикистана

Президентҳои FIFA ва AFC бо роҳбарияти ФФТ онлайн-видео конференсия гузаронданд

Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол Ҷанни Инфантино ва роҳбари Конфедератсияи футболи Осиё шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо роҳбарони федератсияҳои футболи Осиё, ки ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шомиланд, видеоконфронси онлайн баргузор карданд.

Дар конфронси видеоии мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон Ноиби президент Алишер Урунов ширкат варзид.

Роҳбари футболи байналмилалӣ Ҷанни Инфантино ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа изҳори сипос карда, дар бораи корҳое, ки барои дастгирии ассотсиатсияҳо ва аъзои FIFA дар давраи пандемияи ҷаҳонии COVID-19 анҷом дода шудааст, маълумот дод.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар конфронси видеоӣ онлайн ба роҳбарони FIFA ва AFC аз номи ФФТ Рустами Эмомалӣ салом расонд ва ба онҳо барои дастгирии ҳамаҷонибаи футболи тоҷик изҳори сипос кард. Урунов аз номи ФФТ иброз дошт, ки сиёсати роҳбарони ФИФА ва AFC дар рушди футболи ҷаҳонӣ ва хусусан футболи Осиёро дастгирӣ мекунад. Ноиби президенти ФФТ инчунин дар бораи вазъи умумии футболи тоҷик ва оқибатҳои пандемия сухан гуфт.

Дар онлайн-конфронси видеоӣ роҳбарони федератсияҳои маҳаллӣ, ки ба ҳайати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шомил мешаванд, президентҳои FIFA ва AFC-ро барои бо сафари расмӣ ба кишварҳои худ ташриф оваран, даъват намуданд.

Назари худро бинависед