Петр Сегрт: «Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 аспи тира аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 аспи тира аст»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи омодагии даста ба рақобати даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Урдун, ки 2 феврал баргузор мешавад, сухан кард.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Мо ба бозии дарпешистода бо Урдун омодаем. Мефаҳмем, ки ҳариф дастаи хеле хуб дорад, онҳо мураббии қавӣ доранд. Бозӣ бо Урдун барои тими мо дар ин мусобиқот сеюмин финал аст. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё аспи тира аст ва аспи тира мехоҳад, орзуи худ – роҳ ёфтан ба даври баъдиро идома диҳад.

Мо дар бозии 1/8 ниҳоӣ бо яккачини АМА, ки 120 дақиқа давом кард, қувваи зиёде сарф кардем. Тамринҳои барқароршавиро анҷом додем, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинем ва ҳоло бо он қуввае, ки дорем, рақобат хоҳем кард.

Вохӯрии дастаҳои Урдун бо Ироқ низ ҳассос буд. Урдун оқилона бозӣ карда, дар охир ду гол зад. Дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мо аллакай бо тими Урдун бозӣ кардаем, пешсаф будем, вале баъдан дар сонияҳои охир гол сар додем. Аз ин рӯ, дастаи Урдун тими зирак аст, то сонияҳои охир мубориза мебарад.

Ман фишори бозигаронро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ба дӯши худ гирифтам, зеро ин аввалин ҳунарнамоии онҳо дар мусобиқаи мазкур буд ва онҳо ба чунин фишор омода набуданд. Аммо ҳоло, пас аз марҳилаи гурӯҳӣ, ман наметавонам ба бозигарон фишор оварам, зеро мо дар қатори ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё ҳастем ва ҳоло вақти мубориза бурдан мебошад.

Ман бо бозигарони худ фахр мекунам. Коллективи мо мисли як оила аст ва шодам, ки сардори ин коллектив мебошам. Аммо ҳоло пас аз бозиҳои бобарор ба ман, сармураббӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда истодааст, шумо бояд ба бозигарони тими миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунед, зеро онҳо ситораҳои аслии ин мусобиқа мебошанд.

 

Назари худро бинависед