Пеш аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «I» ҷаласа баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Пеш аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «I» ҷаласа баргузор шуд

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷамъомад масъулини мусобиқот – комиссари КФО Алим Орифов аз Ӯзбекистон, нозири доварон Владислав Сейтлин (Ӯзбекистон), намояндагони кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, менеҷерони дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос ширкат доштанд.

Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳои иштирокчӣ низ тасдиқ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тимҳои миллии Лаос (9-уми сентябр) ва Австралия (12-уми сентябр) бозӣ мекунад. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед