Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021: дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» ва «Хуҷанд» вомехӯранд – Федерация Футбола Таджикистана

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021: дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» ва «Хуҷанд» вомехӯранд

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021, ки 9-уми декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, чемпиони феълии кишвар «Истиқлол»-и Душанбе ва витсе-чемпиони мамлакат «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳам вомехӯранд.

Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 «Истиқлол» бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ – 7:3) ғолиб шуд. Голҳои “Истиқлол”-ро дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва легионери ҷопонӣ Рёта Нома ба нишон заданд.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, вале иштирокашро дар мусобиқот ба поён расонд. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба шарофати пирӯзии бузург дар бозии аввал (4:0) ба финал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рақобат мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 9-уми декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 13:00 нақшагузорӣ шуда аст.

Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо раҳбарии Алимҷон Рафиков бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо сарварии Рустам Хоҷаев бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

«Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» чаҳор маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Эсхата» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 38 (0:1). Рустам Соиров, 50 (0:2). Рёта Нома, 73 (0:3).

Бозии аввал – 3:4.

 

«Равшан» – «Хуҷанд» – 2:0

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 23 (1:0). Аваз Қамчинов, 59 (2:0).

Бозии аввал – 0:4.

 

Финал

9-уми декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 13:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Хуҷанд, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”

Назари худро бинависед