Ҷоми КФО-2022: бозии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Суғдиёна» рӯзи 17 август дар Хуҷанд баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: бозии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Суғдиёна» рӯзи 17 август дар Хуҷанд баргузор мешавад

Тибқи натоиҷи қуръакашии даври плей-оффи Ҷоми КФО-2022, ки имрӯз баргузор шуд, ноибқаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар даври ниҳоии минтақаи марказӣ бо барандаи медали нуқраи Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи «Сугдиёна» дар майдони худ бозӣ мекунад.

Вохӯрии бошгоҳҳои «Хуҷанд» – «Суғдиёна» рӯзи 17 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

 

Ҷоми КФО-2022

Минтақаи марказӣ. Финал

17 август (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон)

Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Назари худро бинависед