Насрулло Кабирови 38-сола, довари ФИФА аз Тоҷикистон довари марказии бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) миёни дастаҳои наврасони Эрон ва Ҷопон таъйин шуд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 29 июн дар варзишгоҳи «Таммасат»-и шаҳри Патҳумтҳании Тайланд баргузор мешавад. Ба Насрулло Кабиров дар хатҳо ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев аз Тоҷикистон ва Исмоилҷон Талипҷонов аз Қирғизистон кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чорумро довари ФИФА Аҳмад Файсал Ал-Алӣ аз Урдун иҷро мекунад. Владислав Сейтлин аз Ӯзбекистон кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Сардори раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ҳамчун ҳамоҳангсози кулл дар варзишгоҳи «Таммасат» фаъолият хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки барои Насрулло Кабирови 38-сола ин чаҳорумин бозӣ ба ҳайси довари марказӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Таиланд байни дастаҳои наврасони то 17-сола хоҳад буд. Қаблан довари мо бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ: Ҳиндустон – Ветнам (1:1), Малайзия – Лаос (2:1) ва Ҷопон – Ҳиндустон (8:4)-ро ҳакамӣ карда, дар вохӯрии Афғонистон – Кореяи Ҷанубӣ (8:4) ва рақобати чорякниҳоӣ миёни Эрон – Яман (0:0, аз руйи пеналти – 4:2) ба ҳайси довари эҳтиётӣ адои вазифа намуд.