Мунтахаби Тоҷикистон: тамринҳои расмӣ пеш аз бозӣ бо Тимори Шарқӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон: тамринҳои расмӣ пеш аз бозӣ бо Тимори Шарқӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Тимори Шарқӣ тамринҳои расмиашро анҷом дод.

Машқҳои футболбозони мо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида, 45 дақиқа давом кард.

Қобили зикр аст, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.

Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунем. Биёед якҷо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунем!

Назари худро бинависед