Мунтахаби Тоҷикистон соли 2022-ро дар зинаи 108-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон соли 2022-ро дар зинаи 108-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 22 декабр раддабандии охирини тимҳои миллиро дар соли 2022 нашр кард. 

Дар он тими миллии Тоҷикистон бо 1187,02 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор дорад. Дар байни намояндагони КФО мунтахаби мо дар зинаи 20-ум қарор дорад. Як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 116-ум ҷойгир буд.

Дар маҷмуъ, дар як соли охир тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ гузаронида, 5 ғалаба (Қирғизистон – 1:0, Мянмар – 4:0, Сингапур – 1:0, Тринидад ва Тобаго – 2:1, Малайзия – 0:0, аз рӯйи пеналти – 3:0) ва ду мусовӣ (Қирғизистон – 0:0, Русия – 0:0) карда, дар ду бозӣ бохтааст (Уганда – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:5, Сурия – 0:1). 

Раддабандии навбатии ФИФА 6 апрели соли 2023 нашр мешавад.

Назари худро бинависед