Дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо бозӣ муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад. Ин дидор рӯзи 25 март дар Душанбе баргузор мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифта, бо тимҳои миллии Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ – панҷ бозӣ дар соли 2025 ва як вохӯрии дигар дар моҳи марти соли 2026 доир мекунад.
Бояд гуфт, танҳо ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.