Мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина боло шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина боло шуд

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA, ки имсол барои бори аввал интишор шудааст, як зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 1144 имтиёз дар ҷойи 120-ум қарор гирифт.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ар ин моҳ ду бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун (0:2, 1:0) дар Дубай гузаронд.

Бозии навбатии худро дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили тими миллии Муғулистон мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 25-уми мапрт, соати 18:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд.

Назари худро бинависед