Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад

Рақиби тими миллии Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мо бо яккачини Урдун рақобат мекунад.

Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналтӣ) ғолиб омада, дастаи Урдун аз тими Ироқ (3:2) пурқувваттар баромад.

Қобили зикр аст, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар як гурӯҳ баромад мекунанд. Дастаҳо 16 ноябр дар Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Он вохӯрӣ мусовӣ шуда буд – 1:1. 

Бозии 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед