Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиҳоро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар Душанбе шуруъ кард.
Мубин Эргашев, сармураббии тими олимпии Тоҷикистон ба ин ҷамъомад 27 бозигар – 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Даста машқҳои худро дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт мегузаронад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рақобатҳо рӯзҳои 15 ва 19 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ вомехӯрад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойи дуюм соҳиби роҳхат ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 мешаванд, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мегардад.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз КМВА), Олимҷон Ҷӯраев («Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода, Ҳайдар Сатторов (ҳарду аз «Истиқлол»), Комрон Иброҳимов, Исроил Холов (ҳарду аз КМВА), Шоҳрух Сангов («Регар-ТадАЗ»), Раҳматшо Раҳматзода («Ҳосилот»), Шаҳриёри Иноятулло («Равшан»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Мустафо Миликшоев («Файзканд»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Далиев, Азизбек Ҳаитов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Алишер Шукуров («Куктош»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Олимзода, Аббос Андалибов (ҳарду аз «Равшан»), Абдулло Шарипов (КМВА);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Равшан»), Аминҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.