Мунтахаби олимпии Тоҷикистон баромадро дар Ҷоми Осиё-2022 хотима дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон баромадро дар Ҷоми Осиё-2022 хотима дод

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев баромади худро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 анҷом дод. 

Дар Ӯзбекистон тими олимпии мо бидуни аксар бозигарони калидӣ, ки дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон дар Бишкек қарор доранд, ҳунарнамоӣ кард. 

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев аз яке аз муддаиёни асосии мусобиқот, тими Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ба ҷуз аз тими Ҷопон, футболбозони Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи «D» ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои то 23-сола Ӯзбекистон – Ироқ, Австралия – Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон ва Арабистони Саудӣ – Ветнам мубориза хоҳанд бурд.

 

Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23-сола

Гурӯҳи «D». Даври 3

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН – 3:0

Голҳо: Курю Матсуки, 11 (1:0). Кейн Сато, 57 (2:0). Тайка Накашима, 90+4 (3:0).

Тоҷикистон: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Ҳусейн Нурматов, Шоҳрух Сангов, Фирдавс Алиназаров, Шарифбек Раҳматов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 46), Эмомалӣ Аҳмадхон, Умарҷон Шарифов (Кароматулло Саидов, 86), Сорбон Авғонов, Абдулмуъмин Забиров (Ислом Зоиров, 46), Амадонӣ Камолов (Далер Ёдгоров, 59), Сунатулло Исмоилов (Шарафҷон Солеҳов, 59).

9 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Бунёдкор». 375 тамошобин.

Назари худро бинависед