Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17): мусовӣ ва ғалаба дар оғози CAFA-2023 – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17): мусовӣ ва ғалаба дар оғози CAFA-2023

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни бозигарони то 20-сола, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён дорад, бозии дуюмашро анҷом дод.

Дастаи Тоҷикистон дар даври сеюми чемпионати CAFA-2023 бо тими Туркманистон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Аз ҳайати дастаи мо Муҳаммадҷони Тоҳир дублро ба номаш сабт намуд. Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров як голии дигар заданд.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими миллии Афғонистон мусовӣ (1:1) карда буд.

Пас аз анҷоми се даври чемпионати CAFA-2023 мунтахаби Ӯзбекистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон чаҳор имтиёзӣ касб намудаанд.

Бозиҳои даври чорум рӯзи 26 май доир мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.

 

Чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон (U-20)

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон – 4:2

Голҳо: Ориёнмеҳри Нуриддин, 12 (1:0). Абдулло Қодиров, 18 (1:1). Абдулло Қодиров, 25 (1:2). Муҳаммадҷони Тоҳир, 30 (2:2). Муҳаммадҷони Тоҳир, 35 (3:2). Масрур Ғафуров, 82 (4:2).

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Шаҳбон Наимов (Тоҷикистон), 15 – дарвозабон.

24 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2650 тамошобин.

 

Эрон – Афғонистон – 4:1

Голҳо: Афшин Содиқӣ, 38 (1:0). Ризо Мирзоён, 43 (2:0). Юсуф Мазраӣ, 63 (3:0). Фарҳод Ализода, 67 (3:1). Мирмаҳдӣ Маҳдави Аташгоҳ, 79 (4:1).

24 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 82 тамошобин.

Назари худро бинависед