Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок оғоз кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Бангкок ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз кард.

Сармураббии тими наврасони Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов барои ҷамъомади ниҳоии тамринӣ ҷиҳати ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар ин ҷамъомад даста аз рӯйи реҷаи дукарата машқ мекунад. Пеш аз Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Бангкок як бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) рақобат мекунад. Дастаи мо ду вохӯрии аввалро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронад.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

Назари худро бинависед