Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Булғористон мусовӣ бозӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Булғористон мусовӣ бозӣ кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Анталияи Туркия бозии нахустини санҷишияшро гузаронд. Рақиби наврасони мо дар ин бозӣ мунтахаби наврасони то 16 солаи Булғористон буд. Бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Голи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Масрур Ғафуров ба ҳадаф расонд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталия мунтахаби наврсони Тоҷикистон боз се бозии санҷишиву дӯстона мегузаронад. Дар бозии дӯюми дӯстона, ки рӯзи шанбеи 29-уми январ доир хоҳад шуд, дастаи Зайниддин Раҳимов бо наврасони то 17 солаи Академияи бошгоҳи футболи “Краснодар”-и Федератсияи Руссия бозӣ мекунад. Рӯзи душанбеи 31-уми январ бошад наврасони Тоҷикистон дубора бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозӣ мекунанд. Бозии ҷамъбастии санҷишии худро дар доираи ҷамъомади таълимию машқӣ дар Туркия мунтахаби наврсони Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал муқобили наврасони худ аз давлати Мексика мегузаронад.

Баъд аз анҷоми ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд” ба Мински Беларус сафар мекунад. Мусобиқаи мазкур аз 5 то 14 феврал баргузор хоҳад шуд.

 

Бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Туркия:

24 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1

 

29 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-17)

 

31 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16)

 

3 феврал (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Мексика (U-16)

Назари худро бинависед