Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон: тамринҳо бомаром ҷараён доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон: тамринҳо бомаром ҷараён доранд

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омодагиҳоро ба қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 25 то 31 январ дар Тошканд баргузор мешавад, идома медиҳад.

Дар ҷамъомади таълимию тамринии Душанбе дастаи футзали занонаи кишвар дар реҷаи тамринии дукарата омодагӣ мебинад. Бонувони футзалбоз дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» машқ доранд.

Қобили зикр аст, ки дар чемпионати CAFA-2023 тими футзали занонаи Тоҷикистон бо дастаҳои Ӯзбекистон (27 январ), Эрон (28 январ) ва Қирғизистон (30 январ) бозӣ мекунад.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Назари худро бинависед