Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Испания бозии дӯстона анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Испания бозии дӯстона анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо яккачини Испания бозии дӯстона анҷом дод.

Вохӯрӣ имрӯз, 5-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 9:2 ба фоидаи футзалбозони Испания анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаи навбатии худро рӯзи 8 сентябр дар Душанбе бо тими миллии Нидерландҳо анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед