Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) ҳунарнамоиро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) ҳунарнамоиро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба анҷом расонд

Дастаи мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки дар шаҳри Бурирами Тайланд баргузор шуд, баромади худро анҷом дод.

Духтарони мо дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» се бозӣ анҷом дода, аз тимҳои Тайбэйи Чин (0:14), Тайланд (0:5) ва Ӯзбекистон (0:4) шикаст хӯрданд.

Дастаҳои Тайбэйи Чин, Эрон, Лубнон, Мянмар, Непал, Австралия, Чин ва Ветнам ба даври дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни бонувон (U-20) роҳ ёфтанд.

Бар асоси натоиҷи даври дуввум чаҳор тим – се тими беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё – Ҷопон, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ба таври автоматӣ роҳхат доранд, инчунин яккачини Ӯзбекистон ба ҳайси мизбони қисми ниҳоӣ ҳуқуқи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024-ро доранд.

Назари худро бинависед