Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2023 бар тими Уммон ғолибият ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2023 бар тими Уммон ғолибият ба даст овард

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 79-ум сарвони даста Амадонӣ Камолов ба самар расонд.

Акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8 март мунтахаби ҷавонони мо бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ду вохӯрӣ шаш имтиёз ба даст овардааст, рақобат менамояд.

 

Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 2

Уммон – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Амадонӣ Камолов, 79.

5 март. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив».

Назари худро бинависед