Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) боз тими Амороти Муттаҳидаи Арабро (U-20) шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) боз тими Амороти Муттаҳидаи Арабро (U-20) шикаст дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дуввуми дӯстона ҳам бар тими ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуд.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо голро дар дақиқаи 37-ум нимҳимоятгари дастаи «Динамо»-и Душанбе Бежан Нишонбойзода ба самар расонд.

Дар бозии якуми  дӯстона, ки ду рӯз пеш баргузор шуда буд,  мунтахаби ҷавонони мо бар ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:1 ғолиб гардид.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20) – 1:0

Гол: Бежан Нишонбойзода, 37.

4 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 520 тамошобин.

Назари худро бинависед