Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.

Ба ҳайат 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд. Дар дархости ниҳоии дастаи ҷавонони мо барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 23 бозигар ворид карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои ҷавонони Сингапур (14 сентябр), Лубнон (16 сентябр) ва Камбоҷа (18 сентябр) мебошанд. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Вохӯриҳо бо ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соати 20:00 оғоз мегарданд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20): 

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо», Душанбе), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»-и Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»); 

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарифов, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»-и Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ); 

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Сунатулло Азизов («Динамо», Душанбе). 

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I»

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

 

Даври 1

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 – Камбоҷа – Лубнон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Сингапур

 

Даври 2

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед