Мубин Эргашев – иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев – иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев дар бозии дӯстона бо тими миллии Қазоқистон (16 ноябр) муваққатан вазифаи сармураббии тими миллии кишварро иҷро мекунад.

Чанде пеш, бо роҳбарии Мубин Эргашев дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба арҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 гардид, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор хоҳад шуд.

Ба Эргашев собиқ бозигарони маъруфи тими миллӣ – Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббии дарвозабон) кӯмак мекунанд. Нақши мураббӣ-таҳлилгарро Фаррух Марофиев ба зимма дорад.

Назари худро бинависед