Лигаи касбии футзали Тоҷикистон: “Соро компания” ва “Сипар” дар садри ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон: “Соро компания” ва “Сипар” дар садри ҷадвали мусобиқа

Рӯзи якшанбеи 2-юми август бозиҳои даври сеюуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд. Мусобиқаи имсола бо ширкати шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) ҷараён дорад.

«Соро компания» бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 8:1 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Некрӯз Алимаҳмадов, ки се гол зад, хет-трик кард. «Сипар» дар майдони худ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуд. Дар дастаи мизбон Иқбол Воситзода чор гол ба самар расонд.

Дар бозии дигар «Равшан» дар майдони худ “Самандар”-ро бо ҳисоби 10:5 шикаст дод. Ин аввалин пирӯзии «Равшан» аст. Се голи мизбононро Ҳотамшоҳ Раҳмонов ба ҳадаф расонд.

Аз рӯи натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзи чоршанбе, 5–уми август, миёни дастаҳои «Самандар» – «Сипар», «Муҳоҷир» – «Истаравшан» ва «Соро компания» – «Равшан» баргузор мешаванд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020Даври 3-юм

«Сипар» – «Истаравшан» – 7:4

Голҳо: Иқбол Воситзода, 1 (1:0). Фаридун Расулов, 7 (1:1). Иқбол Воситзода, 13 (2:1). Бахтовар Ғафуров, 20 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 26 – ба дарвозаи худ (3:2). Раҳмоналӣ Шарипов, 27 (4:2). Иқбол Воситзода, 31 (5:2). Иқбол Воситзода, 33 (6:2). Фаридун Расулов, 34 (6:3). Шаҳбоз Бобоҷонов, 37 (6:4). Дилшод Саломов, 39 (7:4).

 

«Равшан» – «Самандар» – 10:5

Голҳо: Ориф Меликов, 4 (0:1). Муҳаммад Тошев, 10 (1:1). Низом Маҳмаев, 15 – ба дарвозаи худ (2:1). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 18 (3:1). Фирдавс Тусматов, 21 (3:2). Ашраф Собитов, 24 (3:3). Фирдавс Тусматов, 26 (3:4). Акбар Маманазаров, 27 (3:5). Ориф Меликов, 28 – ба дарвозаи худ (4:5). Иброҳим Мирзоев, 30 (5:5). Рустам Зауров, 32 (6:5). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 33 (7:5). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 35 (8:5). Иброҳим Мирзоев, 38 (9:5). Даврон Ҳабибуллоев, 39 – ба дарвозаи худ (10:5).

 

«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 8:1

Голҳо: Сиёвуш Қаюмов, 6 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 10 (2:0). Насим Шарипов, 15 (3:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 29 (4:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 30 (5:0). Вахтанг Кекелия, 31 (6:0). Муҳаммад Раҷабов, 34 (7:0). Комрон Алиев, 37 (8:0). Хуршеди Зайниддин, 40 (8:1).

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 3 3 0 0 27-5 9
2 «Сипар» (Хуҷанд) 3 3 0 0 20-9 9
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 1 0 2 16-19 3
4 «Равшан» (Кӯлоб) 3 1 0 2 19-25 3
5 «Муҳоҷир» (Душанбе) 3 1 0 2 10-16 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 3 0 0 3 13-30 0

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

5 август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Сипар»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Истаравшан»

18:00 – «Соро компания» – «Равшан»

Назари худро бинависед