КМВА соҳиби медалҳои биринҷии лигаи олии Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА соҳиби медалҳои биринҷии лигаи олии Тоҷикистон шуд

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.  Баъд аз натиҷагирии бозиҳои даври ҷамъбастии ҳаждаҳуми мусобиқа, ки рӯзи якшанбеи 4-уми октябр доир гардид, ҷоизадори медалҳои биринҷӣ ва дастаи дувуми Лигаи олиро таркнамуда маълум шуданд.

Довталабони асосӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои футболи КМВА-и Душанбе, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и Бохтар маҳсуб меёфтанд. “Мудофиачиён” дар даври ҷамъбастӣ, дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бар соҳибони майдон – “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқа шуданд.  КМВА дар 18 бозӣ 29 имтиёз гирифт, ки ин нисбат ба“Кӯктош” як имтиёз ва нисбат ба “Хатлон” се имтиёз зиёд аст.

“Кӯктош”, ки дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад, бо касби 28 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт. «Регар-ТадАЗ», ки бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин – даҳум – ҷойгир шуд, соли оянда дар Лигаи аввал бозӣ хоҳад кард. Зимнан, “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи худ Лигаи олиро тарк намуд.

Боз як дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2020 бо Лигаи олӣ хайру хуш кард, дар бозии даври охирин миёни дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе маълум шуд. “Файзканд”, ки дар ин дидор дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо касби 19 имтиёз ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд ва мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт. Вале “Локомотив-Помир”, ки бо касби 14 имтиёз дар зинаи пешазохирин – нӯҳум қарор гирифт, ба Лигаи аввал мегузарад.

”Хатлон”-и Бохтар, ки бозии охиринашро дар сафар бо “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо касби 26 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи панҷумро ишғол намуд. Зимнан, ҳамлагари “Истаравшан” Илҳом Баротов, ки дар бозии охирин боз як гол зад, дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқаи имсола бо 18 тӯб ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Боз як бозии даври ҳаждаҳум миёни ду дастаи пойтахти кишвар -“Душанбе-83” ва “Истиқлол” – бо пирӯзии чемпиони феълии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод.

“Истиқлол”, ки дар 18 бозӣ 45 имтиёз ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ кард. “Истиқлол”, ки бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон гардид, бо медалҳои тилло мукофотонида хоҳад шуд.

«Хуҷанд», ки бо касби 35 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи дувумро ишғол намуд, бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад.

Ба ин тартиб, мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. Ба иллати пандемияи COVID-19 бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Файзканд» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Ҳоҷиакбар Узоқов, 90+4.

Аз майдон хориҷ шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), 77 – рафтори хашин, Дилшодҷон Баротов («Файзканд»), 81 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷасур Қурбонов («Файзканд»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

4 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 38 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Азимҷон Қараев («Душанбе-83»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

4 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Хуҷанд» – ССКА – 1:2

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (1:0). Алишер Баротов, 74 – ба дарвозаи худ (1:1). Шервонӣ Мабатшоев, 80 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

4 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 60 – аз пеналтӣ (1:0). Тони Бикатал, 64 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Саиддостон Фозилов («Истаравшан»), 30 – рафтори хашин.

Беҳтарин бозигари дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

4 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 2:4

Голҳо: Акбари Шелдарӣ Ораш, 17 (1:0). Мбеке Диеудони, 26 (1:1). Азизбек Султонов, 58 (1:2). Ёқубҷон Аҳмадов, 69 – ба дарвозаи худ (1:3). Мбеке Диеудони, 89 (1:4). Фатҳулло Бобоев, 90+3 – аз пеналтӣ (2:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»), 90+1 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Мбеке Диеудони («Кӯктош»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

4 октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 14 3 1 61-11 45
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 11 2 5 30-23 35
3 ССКА (Душанбе) 18 8 5 5 29-25 29
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 18 7 7 4 30-24 28
5 «Хатлон» (Бохтар) 18 6 8 4 27-24 26
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 18 5 5 8 20-29 20
7 «Файзканд» (Восеъ) 18 4 7 7 17-31 19
8 «Истаравшан» (Истаравшан) 18 4 5 9 29-38 17
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 18 3 5 10 14-26 14
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 3 3 12 21-47 12

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 18 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 16 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб.

Назари худро бинависед