«Истиқлол» – «Хуҷанд»: ранги либоси бозикунии дастаҳо муайян шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Хуҷанд»: ранги либоси бозикунии дастаҳо муайян шуд

Дар арафаи баргузории бозии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” байни ду дастаи футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хуҷанд” (Хуҷанд), дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” машварати анъанавии пеш аз бозӣ доир гашт. Дар мушовараи мазкур намояндагони дастаҳо ва ҳайати хизматрасони бозӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи машваратӣ мавзуҳои марбут ба ташкилу баргузории бозӣ баррасӣ шуданд ва ҳама хадамотҳои зарурӣ омодагияшонро ҷиҳати дар сатҳи лозимӣ гузаронидани вохӯрӣ баён намуданд. Дар машварат, инчунин ранги либоси бозикунии дастаҳо муқаррар шуд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” бо либосҳои сурх ва “Хуҷанд” бо либосҳои кабуд вориди рақобат мешаванд.

Бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 байни «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯзи 11 март,  соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Ин бозиро ҳайати доварон аз Кувайт бо роҳбарии сардовар Аҳмад Ал-Алӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ байни ду дастаи футболи Тоҷикистон бе иштироки тамошобинон доир мешавад. Мухлисони футбол имкон доранд, ки бозиро ба воситаи Шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим тамошо кунанд.

Назари худро бинависед