«Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

Дар Душанбе қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гардид.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 «Истиқлол» бар КМВА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Денис Беганович дар ин дидор муаллифи дубл гардид.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Пас аз анҷоми рақобатҳо маросими ҷоизасупорӣ доир шуд, ки дар он ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва директори телевизиони «Варзиш» Парвиз Нориён ширкат доштанд.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом, барандаи Ҷоми ФФТ-2025 – «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Назари худро бинависед