Имсол тими миллии Тоҷикистон муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар бозӣ намекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имсол тими миллии Тоҷикистон муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар бозӣ намекунад

Бозиҳои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар, ки баргузории онҳо дар моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида шуданд.

Алоқамандона ба хуруҷи пандемияи мавҷудаи COVID-19 дар бисёр кишварҳо, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)  якҷо тасмим гирифтанд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2022, ки баргузорияшон ибтидо моҳи октябр ва ноябри соли равон таъин шуда буданд, то соли 2021 мавқуф гузошта шаванд.

Бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ вазъиятро дар минтақа зери назорати дақиқ гирифта, санаҳои нави баргузории бозиҳои марҳилаи интихобиро муайян менамоянд. Тафсилоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё- 2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Назари худро бинависед