Капитани 30-солаи “Истаравшан” Илҳом баротов барои бори аввал дар собиқаи бозикунии худ беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд.
Ниммуҳофизи тими миллии Тоҷикистон дар 29-умин чемпионати Тоҷикистон ба задани 18 гол муваффақ шуд. Дар сабқати нишонзанҳо мақоми дуюму сеюмро ду намояндаи “Истиқлол”-и Душанбе, бародарон Манучеҳр (16 гол) ва Алишер (12 гол) Ҷалиловҳо ишғол мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки чанд соли охир дар сабқати нишонзанҳо намояндагони “Истиқлол”-и пойтахт пешсаф буданд. Илҳом Баротов бошад имсол ин анъанаро халалдор карда, барои аввалин бор дар сабқати бозигарияш беҳтарин нишонзани мусобиқа гашт.
Ҳамаи нишонзанҳои чемпионати Тоҷикистон (1992-2020):
1992 – Умед Алидодов («Помир», Душанбе) – 11 гол.
1993 – Холмурод Зардов («Помир», Душанбе) – 30 гол.
1994 – Давлат Содиқов («Ҳлбук», Восеъ) – 26 гол.
1995 – Зокир Бердиқулов («Истаравшан», Истаравшан) – 42 гол.
1996 – Муҳиддин Иззатуллоев («Равшан», Кӯлоб) – 35 гол.
1997 – Рустам Усманов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 21 гол.
1998 – Назиршо Ризомов («Саддам», Сарбанд) – 25 гол.
1999 – Ораз Назаров («Варзоб», Душанбе) – 27 гол.
2000 – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 28 гол.
2001 – Пирмурод Бурҳонов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 20 гол.
2002 – Ҷомихон Муҳиддинов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 29 гол.
2003 – Осим Бобоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 38 гол.
2004 – Сӯҳроб Ҳамидов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 33 гол.
2005 – Аҳтам Ҳамрокулов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 12 гол.
2006 – Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком», Қӯрғонтеппа) – 20 гол.
2007 – Сӯҳроб Ҳамидов («Хима», Душанбе) – 21 гол.
2008 – Нуъмон Ҳакимов («Парвоз», Бобоҷон Ғафуров) – 30 гол.
2009 – Нуъмон Ҳакимов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 15 гол.
2010 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 30 гол.
2011 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 32 гол.
2012 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 24 гол.
2013 – Ҳусейни Сӯҳробӣ («Истиқлол», Душанбе) – 11 гол.
2014 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 15 гол.
2015 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 гол.
2016 – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол», Душанбе) – 22 гол.
2017 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 16 гол.
2018 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 12 гол.
2019 – Шериддин Бобоев («Истиқлол», Душанбе) – 16 гол.
2020 – Илҳом Баротов («Истаравшан», Истаравшан) – 18 гол.