Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе натиҷаи бозии дӯстона бо тими миллии Непалро шарҳ дод. Ин вохӯрӣ рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мо – 4:0 анҷом ёфт.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:
– Пеш аз ҳама, ташаккури зиёд ба мухлисон, ки дар чунин ҳавои сарду боронӣ ба варзишгоҳ омада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ моро дастгирӣ карданд. Хеле шод шудем. Дар ғалабаи мо нақши дастгирии мухлисон хеле муҳим аст.
Дар мавриди худи бозӣ бошад, мо вохӯриро тавре мехостем, ҳамонгуна оғоз кардем. Тавонистем бозиро махсусан дар нимаи аввал нағз ташкил кунем. Дар қисми дуюм сатҳи бозӣ каме паст шуд. Аммо ин як қисми футбол аст, вақте ивази бозигарон сурат мегирад, чунин мешавад. Ин ҷараёни кор аст. Мо пеш рафта истодаем, ҳоло бояд бозиро беҳтар кунем. Вақте ки ман ба чашмони бозигарон нигоҳ мекунам, мебинам, ки онҳо муштоқи мубориза ва ғалабаанд. Боварӣ дорам, ки дар рақобати оянда бо тими миллии Афғонистон мо боз ҳам беҳтар хоҳем шуд.