Гела Шекиладзе: «Мо муқобили Арабистони Саудӣ бозии арзанда нишон додем» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Мо муқобили Арабистони Саудӣ бозии арзанда нишон додем»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе натоиҷи бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Арабистони Саудиро (0:1) шарҳ дод.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: 

– Оне ки мағлуб шудем, бад аст. Аммо мо муқобили рақиби пурқувват бозии муносиб нишон додем. Бозии имрӯза гувоҳи он аст, ки тафовут байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Арабистони Саудӣ камтар шудааст. Дар Тоҷикистон бозигарони хуб дорем. Мехоҳам ба бачаҳо ташаккур гӯям, онҳо мубориза бурданд, кӯшиш карданд, каме бахт омад накард. Инчунин ба мухлисон, ки барои дастгирӣ ба Риёз омаданд, ташаккур мегӯям.

Дар мавриди вохӯрӣ, агар нимаи якумро бо қисми дуюм муқоиса кунем, фарқи калон мекунад. Дар нимаи аввал бачаҳои мо дар майдон каме бетаваҷҷуҳ ба назар мерасиданд, бахусус дар

дақиқаҳои аввал, вақте ки мо дар ҳолатҳои оддӣ муқобили дастае чун Арабистони Саудӣ тӯбро аз даст додем. Дар қисми дуюм дастаи мо хеле беҳтар буд, вале ҳариф дар ҳимоя бисёр боэътимод бозӣ намуд.

Бозӣ нишон дод, ки бар зидди тими Арабистони Саудӣ метавон барои пирӯзӣ рақобат кард. Ҳоло мо баъди барқароршавӣ ба вохӯрӣ дар Душанбе омодагӣ мебинем. Дар майдони худ бозӣ мекунем ва воқеан ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем.

Назари худро бинависед