Финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 «Истиқлол» – «Куктош»: дастаҳо ранги либосҳояшонро муайян карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 «Истиқлол» – «Куктош»: дастаҳо ранги либосҳояшонро муайян карданд

Дар остонаи бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Куктош» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд. 

Дар ҷамъомад комиссари финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 Субҳон Хоҷамов (Душанбе), нозири доварон Равшан Ишматов (Кӯшониён) ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, инчунин дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош» иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии бозии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Мизбонони номиналӣ – футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурх ва меҳмонони номиналӣ – футболбозони «Куктош» бо либоси зард ба майдон мебароянд.

Агар вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА дастаи пирӯз аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум карда мешавад. 

Бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош» рӯзи 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуда, соати 14:00 оғоз мешавад.

 

🏆 Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022

Финал

📆 29 октябр (шанбе)

Оғоз – соати 14:00

🔴 «Истиқлол» – 🟡 «Куктош» 

🏟 Бохтар, Варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед