FIFA Women’s Football Campaign дар Тоҷикистон: зиёда аз 800 духтар дар фестивалҳои футбол ширкат намуданд – Федерация Футбола Таджикистана

FIFA Women’s Football Campaign дар Тоҷикистон: зиёда аз 800 духтар дар фестивалҳои футбол ширкат намуданд

Дар доираи барномаи FIFA Women’s Football Campaign Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳашт фестивали футболро баргузор намуд.

Фестивалҳои ҷамъбастӣ дар вилояти Суғд – дар Бӯстон ва Шаҳристон доир шуданд. Қаблан чунин фестивалҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғара, Вахш, Носири Хусрав роҳандозӣ гардида буданд. Дар маҷмуъ ин фестивалҳо зиёда аз 800 духтари аз 6 то 12 соларо фаро гирифтанд.

Ҳадафи фестивали футболи занонаи ФИФА тарғиби футболи бонувон дар Тоҷикистон, тағйир додани тасаввури ҷомеа нисбат ба футболи занон дар кишвар ва ташвиқи духтарон ба футболбозӣ мебошад.

Баъди ба охир расидани фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯб ва пироҳанҳои футболӣ тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед