Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии дуюми худро оғоз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии дуюми худро оғоз намуд

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон ба баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқии дуюми худ дар Душанбе шурӯъ намуд.

Ҷамъомади омӯзишиву машқии дуюми даста то 28 август идома меёбад. Сармураббии даста Юсуф Рабиев барои ширкат дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ 24 бозигар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 нимуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудаст.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” баромад мекунад. Рақибони бонувони футболбози мо дар ин гурӯҳ мунтахабҳои футболи занонаи Ветнам, Молдив ва Афғанистон мебошанд. Марҳилаи интихобии қарамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” аз 23 то 29 сентябр дар  Душанбе баргузор хоҳад гашт.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова («Зебонисо»), Адолатхон Комилова («Хатлон»), Муниса Гулова («Зебо»), Дилноза Нурова («Ҳосилот»);

Муҳофизон: Сахина Саидова («Хатлон»), Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Шамсия Ҳусейнова (ҳама аз «Зебонисо»), Лайло Кучкинова («Зебо»), Муниса Мирзоева-II («Равшан»), Фарзона Раупова («Канибодом»);

Ниммуҳофизон: Зулайхо Сафарова («Зебо»), Ҷонона Қурбонова, Мадина Давлятова, Некӯбахт Худододова (ҳама аз «Зебонисо»), Барно Хоҷазода («Равшан»), Беназир Ҷумахонзода («Хатлон»), Муниса Мирзоева-I (бе даста), Наталя Сотникова (бе даста);

Ҳамлагарон: Лайло Ҳалимова, Меҳрангез Шарифова (ҳарду аз «Хатлон»), Дилдора Раҳмонова («Конибодом»), Малика Қаюмова («Чашма»).

Сардовар – Юсуф Рабиев.

Назари худро бинависед