Дастаи ММВЗО «Солор» чемпиони Тоҷикистон байни наврасони то 14 сол шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ММВЗО «Солор» чемпиони Тоҷикистон байни наврасони то 14 сол шуд

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи наврасони то 14 сол бо ғалабаи дастаи футболи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ “Солор” (мураббӣ Алишер Тағоев) анҷом ёфт.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 30 сентябр то 6 октябр дар майдони захираи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки 10 даста доир гардид.

Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои МҶМОВ (Душанбе), «Суғд-2» (вилояти Суғд), «Равшан» (Кӯлоб), ММВЗО (Душанбе) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва ба гурӯҳи “Б” бошад, дастаҳои «Суғд-1» (вилояти Суғд), «Хатлон» (Бохтар), ММВЗО «Солор» (Душанбе), «Ваҳдат» (Ваҳдат) ва «Помир» (ВМКБ) шомил шуданд.

Баъди ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, ба бозиҳои ниманиҳоӣ аз гурӯҳи “А” дастаҳои МҶМОВ ва «Суғд-2» ва аз гурӯҳи “Б” бошад дастаҳои ММВЗО «Солор» ва «Хатлон» роҳ ёфтанд.

Дар бозии ниманиҳоӣ МҶМОВ бар “Хатлон” бо ҳисоби 2:0 ва ММВЗО “Солор” бар “Суғд-2” бо ҳисоби 3:0 дастболо шуданд.

Дар бозӣ барои мақоми сеюм дастаи “Суғд-2” бар ҳамсолони хатлонии худ бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфт. Голҳои задаи Муҳаммад Зокиров ва Эмомалӣ Абдуллоев медалҳои биринҷиро насиби футболбозони навраси суғдӣ гардониданд.

Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи пойтахт – Мактаби варзишии махсусгардонидашудаи захираҳои олимпӣ (ММВЗО) ва Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзиш (МҶМОВ) бо ҳам рақобат намуданд. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи наврасони ММВЗО анҷом ёфт. Ду голи ғолибонро Шерзод Раҷабов ва як голии дигарро Тоҳирҷони Аҳлиддин ва Абҷон Мирзоев ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, дастаи ММВЗО “Солор” чемпиони Тоҷикистон байни наврасони то 14 сол шуда, медалҳои нуқраи мусобиқаро наврасони МҶМОВ ва медалҳои биринҷиро наврасони “Суғд-2” соҳиб гаштанд.

Дар маросими мукофотсупории ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, директори Лигаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев, мудири шӯъбаи кор бо дастаҳои миллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон Сӯҳроби Акбаршо, бозигарони маъруфи собиқадор Одил Иргашев ва Фаррух Чориев, инчунин капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров ширкат намуда, ғолибонро табрик карданд.

Назари худро бинависед