Дастаи Ироқ рақиби якуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи Ироқ рақиби якуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия гардид

Рақиби нахустини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия муайян шуд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозии дӯстонаи худро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия бо мунтахаби ҷавонони Ироқ баргузор мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 23 январ баргузор мешавад. Дар Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон мунтахаби Ироқ дар баробари дастаҳои Ӯзбекистон, Индонезия ва Сурия дар гурӯҳи «А» баромад мекунад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) то 19 феврал дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад. Барои дастаи Олег Кубарев ҳафт бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст.

 

🤝 Бозии санҷишӣ

📆 23 январ (душанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇮🇶 Ироқ (U-20)

🏟 Анталия, Туркия

Назари худро бинависед