Дарвозабон Рустам Ятимов беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дарвозабон Рустам Ятимов беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф шуд

Дарвозабони 25-солаи бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин бозигар дар соли 2023 эътироф гардид. 

Имрӯз, 29-уми декабр дар толори «Кохи Парфенон»-и Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. 

Ҷоизаи беҳтарин бозигари солро нахустин бор дар фаъолияти худ дарвозабони «Истиклол»-и Душанбе ва тими миллии кишвар Рустам Ятимов моли худ кард. Ӯ ҳамзамон беҳтарин дарвозабони мавсим эълон гардид.

 

📃 Рӯйхати ҷоизадорони Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 2023: 

🔝 Беҳтарин бозигари лигаи якум – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»). 

🔝 Беҳтарин мураббии лигаи якум – Боир Игамбердиев («Панҷшер»). 

🔝 Беҳтарин нишонзани лигаи якум – Шоҳин Боев (“Моҳир”), 33 гол. 

🔝 Беҳтарин бозигари чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Муҳаммад Назриев («Истиқлол»). 

🔝 Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Шамсиддин Қосимов (КМВА). 

🔝 Беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Рустам Давлатов (КМВА), 25 гол. 

🔝 Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе). 

🎖 Ҷоизаи махсус – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»). 

🎖 Ҷоизаи махсус – Тоҳирҷон Муъминов («Равшан»). 

🔝 Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»). 

🔝 Беҳтарин ҳимоятгар – Холмурод Назаров («Равшан»). 

🔝 Беҳтарин нимҳимоятгар – Амадонӣ Камолов («Истиқлол»). 

🔝 Беҳтарин ҳамлагар – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»). 

🔝 Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), 13 гол. 

🔝 Беҳтарин бозигари хориҷӣ, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад – Евгений Гритсенко («Равшан»). 

🔝 Беҳтарин мураббӣ – Игор Черевченко («Истиқлол»). 

🔝 Беҳтарин бозигари сол – Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Назари худро бинависед