Дар Турсунзода давраи якуми курси мураббиён аз рӯи барномаи муҷаввизи «А»-и КФО шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Турсунзода давраи якуми курси мураббиён аз рӯи барномаи муҷаввизи «А»-и КФО шурӯъ шуд

Рӯзи 10 август дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода давраи аввали курси мураббигӣ аз рӯи барномаи иҷозатномаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё оғоз ёфт.

Бори охир курсҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи “А”-и КФО дар Тоҷикистон чаҳор сол пеш – соли 2017 баргузор шуда буд. Ҳоло устодони мо мустақилона курсҳоро тибқи барномаи иҷозатномаи “А” мегузаронанд. Роҳбарии курси мазкурро дастурдиҳандаи КФО аз Тоҷикистон – Боир Игамбердиев ба зимма дорад. Ӯро сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев ёварӣ мекунад.

Дар маросими ифтиҳои курс директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат намуда, шунавандагонро гарму ҷӯшон хайра мақдам гуфт ва ба ҳар кадоми онҳо муваффақияту комёбӣ таманно намуд.

Шумораи довталабони иҷозатномаи “А”-и КФО аз 24 кас иборат мебошад. Дар байни онҳо бозигарони собиқи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон – Шӯҳрат Шамсиев, Анвар Норқулов, Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Ҷомихон Муҳиддинов низ ҳастанд. Инчунин, собиқ бозигарон ва дигар мутахассисиони футболи ватанӣ – Камол Ортиқов, Изатулло Исҳоқов, Бахтиёр Ҳакимов, Абдуҳамид Салимов, Раҳмоналӣ Абдуллоев, Ҷаваршо Шоҳғиёсов, Зариф Усмонов, Фаррух Марофиев, Шарифҷон Зиёев, Алифбек Беромов, Сиёвуш Боев, Ниёзалӣ Бобохонов, Ҷалолиддин Маҷидов, Фарҳодҷон Холбеков ва Шавкат Ибрагимов низ шунавандаи курси мазкур мебошанд. Қобили зикр аст, ки панҷ мутахассиси хориҷӣ низ барои гирифтани иҷозатномаи мураббигарии дараҷаи “А”-и КФО омӯзиш мегиранд. Инҳо Сӯҳроб Қобилов, Мирислом Ҳасанов ва Сами Игамбердиев аз Узбекистон, инчунин Сергей Горбачёв ва Игор Суров аз Русия ҳастанд.

Давраи аввали курси мураббигарии мазкур ду ҳафта идома ёфта, 23-юми август хотима меёбад.

Назари худро бинависед