Дар Ҳисор чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 17-сола баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Ҳисор чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 17-сола баргузор мешавад

Аз 12 то 16 март дар шаҳри Ҳисор чемпионати CAFA-2023 байни духтарони то 17-сола баргузор мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 17-сола дар маҷмуъ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳама рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста бо ҳамдигар як вохӯригӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Барои мунтахаби Тоҷикистон (U-17) мусобиқаи дарпешистодаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба ҳисоб меравад, ки баргузориаш аз 26 то 30 апрел дар Ҳисор ба нақша гирифта шудааст. 

 

Чемпионати CAFA-2023 байни духтарони то 17-сола

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Даври 1

12 март (якшанбе)

12:00 – Ӯзбекистон – Эрон

16:30 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

 

Даври 2

14 март (сешанбе)

12:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

16:30 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

16 март (панҷшанбе)

12:00 – Эрон – Қирғизистон

16:30 ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Назари худро бинависед