Имрӯз, 25 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе фестивали бошукӯҳи футбол бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид. Ташаббускори пешниҳоди ин сана президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ буда, он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Дар ҷашнвораи футбол 700 кӯдак иштирок намуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди футболи оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар фестивали футбол меҳмонони олиқадр, аз ҷумла вазирон, сафирони давлатҳои хориҷӣ, собиқадорони футбол ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд. Иштироки онҳо нишонаи эътирофи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон дар пешбурди арзишҳои футбол мебошад.
Варзишгоҳи марказии Душанбе ҳудуди 20 ҳазор мухлисро ҷамъ оварда, фазои воқеии ҷашни футболро ба вуҷуд овард. Барои тамошобинон барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, барои онҳо бозиҳои шавқовар ташкил карда шуданд.