Дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и шаҳри Душанбе курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи литсензияи «Pro» – дараҷаи олии таълими мураббигӣ оғоз ёфт.
Ин аввалин курсҳои мураббигӣ дар Тоҷикистон барои довталабони муҷаввизи «Pro» буда, аз панҷ марҳила иборат мебошад. Машғулиятҳо баҳори соли 2025 ба итмом мерасанд. Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори ФИФА Гайоз Дарсадзе аз Гурҷистон ва ёвари ӯ инструктори ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев аз Ӯзбекистон мебошанд.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳои мураббигӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода иштирок намуда, ҳамаи довталабонро бо оғози давраи омӯзишӣ табрик гуфт ва аҳамияти баргузории курсҳои мазкурро дар Тоҷикистон қайд намуд.
Ба сафи довталабони муҷаввизи «Pro» 15 нафар мутахассисони маҳаллӣ шомиланд: Тоҳирҷон Муъминов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Алишер Тӯйчиев, Баҳодур Сӯфиев, Шамсиддин Қосимов, Файз Давлатов, Увайдо Давлатбеков, Салоҳиддин Ғафуров, Алифбек Беромов, Сиёвуш Боев, Фаррух Марофиев, Шариф Зиёев, Асрорҷон Шораҷабов ва Зариф Усмонов. Ҳамчунин чаҳор мутахассиси хориҷӣ барои дарёфти муҷаввизи «Pro» дар Душанбе таҳсил мекунанд: Амин Субҳонӣ (Эрон), Игор Суров (Русия), Акмал Холиқов ва Акмал Рустамов (ҳарду аз Ӯзбекистон).