Дар Душанбе мулоқоти дӯстонаи ФФТ бо сарпарастон ва шарикон доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мулоқоти дӯстонаи ФФТ бо сарпарастон ва шарикон доир шуд

Дар тарабхонаи «Community Dushanbe» вохӯрии дӯстонаи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сарпарастону шарикон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ маҳсулоти асосии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сарпарастон ва шарикон намоиш дода шуд.

Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шарикон – ширкатҳои «Рахш-Такси», «Тennisi TJ», «Формула-55» ва «Газпром нефт Тоҷикистон – масолеҳи моеъ» қарордодҳоро тамдид кард. Ширкатҳои сохтмонии «Себистон» ва «Авитсенна» шарикони нави ФФТ гардиданд.

Назари худро бинависед