Дар Душанбе маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) доир шуд

Лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар тарабхонаи «Бухоро»-и пойтахт маросими ҷоизасупории лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18)-ро доир карда, ғолибону ҷоизадорони чемпионатро қадрдонӣ намуд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов чорабиниро ифтитоҳ намуда, ғолибону ҷоизадорони лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18)-ро табрик гуфт ва ба онҳо дар футбол, таҳсил ва зиндагӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Имсол ғолиби лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) бо дарёфти 33 хол дастаи МҶМОВ гардид. Дастаро ба ин муваффақият мураббии номдор Носир Ҳамидов расонд.

Медалҳои нуқраи чемпионат насиби тими «Душанбе» (28 хол) гардиданд. Дастаи ҷавонони КМВА-и пойтахт дар ҷадвали мусобиқа (23 хол) ҷойи сеюмро гирифт.

Дар ҷамъбасти мавсим ба бозингарон, мураббиён ва дастаҳо мукофотҳои инфиродӣ супурда шуданд. Дастаи КМВА-и Душанбе ҷоизаи «Fair Play»-ро соҳиб шуд. Саидҷон Хоҷаев («Равшан»), Эмомиддин Одинаев (КМВА), Абубакр Асоев (МҶМОВ) ва Улуғбек Сатторов («Душанбе») беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи хеш эътироф шуданд. Носир Ҳамидов беҳтарин мураббии лига дониста шуд, ки МҶМОВ таҳти роҳбарии ӯ медалҳои тиллоро ба даст овард. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Фаррух Маҷидов (МҶМОВ) тақдим гардид, ки дар мавсими анҷомшуда 12 гол задааст. Ва дар ниҳоят беҳтарин бозигари чемпионат Алиҷон Шарбатов («Душанбе») дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) баргузор мегардад.

Назари худро бинависед