Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Истаравшан» бозӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Истаравшан» бозӣ мекунанд

Бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 ҷамъбаст шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоӣ муайян гардиданд. Дар бозиҳои 1/2 ниҳоии мусобиқа «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Истаравшан» рақобат мекунанд. Сарпарасти унвонии мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон ширкати букмекери «Parimatch» мебошад.

Дар бозиҳои чаҳорякфиналӣ «Регар-ТадАЗ» бар «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ ҳамлагари металлургчиён Шавкати Ҳотам ба задани се гол муваффақ шуд.

Дар бозии дигари 1/4 финалӣ «Истаравшан» тавассути задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра бар “Кӯктош” ғолиб омад. Вақти асосии ин бозӣ мусовии бе гол анҷом ёфт. Дар ду қисми 15 дақиқагии иловагӣ бошад, ҳарду даста ба задани як голӣ муваффақ шуданд. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи дастаи “Истаравшан” хандид.

Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ дарвозабони “Истаравшан” Беҳрӯз Хайриев дар задани сисилазарбаҳои пеналти зарбаи задаи ҳамлагари “Кӯктош” Собирҷон Холматовро баргардонида, бар замми ин худаш зарбаи ҷаримавиро ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки рӯзҳои 22-23 сентябр баргузор мешаванд «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Истаравшан» вомехӯранд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/4 финал

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 1:1. Бо пеналти – 5:4

ГолҳоНабиҷон Раупов, 113 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 115 (1:1).

Силсилазарбаҳои пеналтиМбеке Сиебатчеу Диеудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (дарвозабон). Беҳрӯз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашӯрмамадов – 5:4.

«Истаравшан» (Истаравшан): Беҳрӯз Хайриев, Фаридун Деҳқонов, Саиддостон Фозилов, Зуфарҷон Акбаралиев, Диловар Бойкузиев, Азизҷон Шамсиев, Абдураҳмон Қурбонов (Асадбек Зиёзода, 119), Отабек Каримов, Салам Ашӯрмамадов, Абдуқаҳҳор Қодиров (Набиҷон Раупов, 73), Илҳом Баротов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Ҳикматулло Расулов, Бенҷамин Асамоа, Холмурод Назаров, Эраҷ Раҷабов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов (Собирҷон Холматов, 69), Далер Ёдгоров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Принс Артур, 117), Мбеке Сиебатчеу Диеудони.

Огоҳонида шудандСаиддостон Фозилов («Истаравшан»), Бунёд Шодиев, Собирҷон Холматов, Мбеке Сиебатчеу Диеудони («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Беҳрӯз Хайриев («Истаравшан»).

15 сентября. Истаравшан. Центральный стадион.

 

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:4

ГолҳоШавкати Ҳотам, 14 (0:1). Эмомалӣ Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати Ҳотам, 63 (2:3). Ибрагим Зокиров, 90+2 (2:4).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Маҳмуд Пиров (Исроил Холов, 28), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов (Муҳаммад Саломзода, 28), Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 46), Шӯҳрат Элмуродов, Ислом Зоиров, Ҷонибек Шарипов, Нидоёр Забиров (Парвиз Хоҷаев, 69), Шаҳром Сулаймонов (Исмоилҷон Алимардонов, 85).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Фирӯз Қараев, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров, Парвиз Бахтиёрзода, Расул Пайзов, Акбари Шелдари Ораш, Нозим Бобоҷонов, Шерзод Маҳамадиев (Азизбек Ҳаитов, 90+3), Диловаршо Ғаниев (Ибрагим Зокиров, 46), Шавкати Ҳотам.

Огоҳонида шуданд: Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Ҷонибек Шарипов, Исмоилҷон Алимардонов («Локомотив-Помир»), Нозим Бобоҷонов, Оятулло Сафаров, Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Шарифбек Раҳматов («Локомотив-Помир»), 67 – барои таҳқири ҳариф, Шавкати Ҳотам («Регар-ТадАЗ»), 67 – барои таҳқири ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣРасул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

22-23 сентябр (сешанбе, чоршанбе)

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Хатлон» – «Истаравшан»

Назари худро бинависед