Чиптаҳои электронии бозиҳои дӯстонаи Тоҷикистон – Русия дар сомонаҳои echipta.tj ва ticketon.tj дастрасанд – Федерация Футбола Таджикистана

Чиптаҳои электронии бозиҳои дӯстонаи Тоҷикистон – Русия дар сомонаҳои echipta.tj ва ticketon.tj дастрасанд

Ба таваҷҷуҳи мухлисон ва дӯстдорони футзал! Чиптаҳои бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ баргузор мешаванд, ба фурӯш бароварда шуданд.

Чиптаҳоро аз сомонаҳои echipta.tj ва ticketon.tj харидан мумкин аст. 

Нархи чиптаи муқаррарии бозӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомонӣ аст. Ҳама мухлисонро ба тамошои футзал даъват мекунем!

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ

Назари худро бинависед